Ду сокини деҳаи Миденшори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ – модари 83-сола ва духтари 55-солаи ӯ субҳи имрӯз, 7 март бар асари ҳамлаи галаи гургон ҳалок шуданд.
Мутахассисон мегӯянд, галаи гургон шояд баҳри дарёфти ғизо ба деҳа фаромада бошад, лекин ба одамон дучор шуда, ба онҳо дарафтодааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” сокинони деҳаи мазкур дар ин робита хабар доданд, субҳгоҳон занон нияти адои намоз карда ба ҳавлии берун мебароянд ва ин ҳангом ба онҳо гургон ҳамла мекунанд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ маълумоти ҳамлаи гургон ба одамонро тасдиқ мекунанд.
Бино ба гуфтаи номзади илмҳои биологӣ, раиси Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон Алихон Латифӣ, галаи гургонеро, ки ба занон ҳамла кардааст, мебояд пайгирӣ намуду парронид, то ки ҳамлаи ҳайвонҳо такрор нашавад ва барои ин даъвати мутахассисон – шикорчиён лозим аст.
Латифӣ қайд кард, ки баъди парронидани гургон ҷиҳати муайян кардани гирифтории онҳо ба бемории ҳорӣ (девонагӣ) ташхисҳо гузаронидан зарур аст.
“Соли гузашта мо гургонро дар қисмати марказии Тоҷикистон парронида, ташхис гузаронидем ва маълум шуд, ки онҳо ба бемории девонагӣ гирифтор шудаанд. Вазъ дар Шуғнон барои мо номаълум аст, шояд ин ҷо ҳам гирифторӣ ба ин беморӣ бошад”, - иброз дошт номбурда.
Ба қавли Латифӣ, ин вазъро таҳлилу баррасӣ намуда, чорабиниҳои биотехникӣ баргузор намудан лозим аст, аз ҷумла муайян кардани шумори гургон, чӣ миқдор парронидани онҳо барои маҳдуд кардани шумори онҳо дар атрофи деҳаҳо ва ғайра.
“Барои танзими шумори гургон мо онҳоро мепарронем, лекин ин амал доимӣ нест. Шикори гургон кори осон нест, барои ин гурӯҳҳои махсус лозим мебошад. Пайгирии гургон низ мушкил аст, чунки гургон хеле зираку пинҳонкоранд”, - шарҳ медиҳад ӯ.
Сабабҳои ҳамларо мутахассис ба гуруснагии имконпазири гургон дар зимистони сербарф рабт дода, аз эҳтимол дур намедонад, ки ҳайвоноти ваҳшӣ баҳри дарёфти чорвои хонагӣ ба деҳа фаромада, лекин бо одамон вохӯрдаанд.
“Дар асл сабабҳои ҳамла гуногун буда метавонанд, вазъро омӯхтан лозим аст. Шумори ҳайвоноти сумдор дар Помир кофӣ аст, бинобар ин шумори гургон низ афзудааст”, - илова намуд Латифӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интихоботи парлумонӣ-2025. Муҳимтарин нукоте, ки интихобкунанда бояд донад
Зеленский гуфт, омодааст истеъфо диҳад, “агар ин барои Украина сулҳ орад”
Қирғизистон мехоҳад дар ду гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон ҳамлу нақли мошинҳои боркашро назорат кунад
Алайҳи нафаре, ки бо гумони кордзании духтарчаи 7 сола дар Панҷакент боздошт шуд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
Раиси нави ҲСТ: “Мехоҳем тавассути парлумон соҳиби қудрат шавем”
Ҳашт корманди Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд аз мақомот пурра ронда шудаанд
“Эпидемия”-и “долларҳои сафед” ба Тоҷикистон ҳам расид
"Истиқлол" пас аз се сол боз Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард
Исроил раҳоии беш аз 600 зиндонии фаластиниро ба таъхир гузоштааст
Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста