Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон шоми рӯзи 22 апрел, тахминан соатҳои 20:00 автомашина ва тракторҳоро дар роҳи баромад ба Ворух сангборон карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҷамоати Ворух.

“Аввал кӯдакон ба сӯи тракторҳое, ки аз соҳили даё санг мекашонданд, сангпартоӣ карда, сипас ба онҳо калонсолон ҳамроҳ шуданд. Дар идома автомашинаҳои сабукрав, аз ҷумла таксиҳое, ки аз Исфара мусофир меоварданд, низ мавриди сангборон қарор гирифтанд”, - хабар дод манбаъ.

Сарчашмаи хабар қайд кард, ки бар асари сангпартоӣ шишаҳои трактор ва таксиҳо шикаста, касе осеб надидааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, сабаби чунин амали ҳамояҳо алҳол маълум набуда, шояд онҳоро касе ба чунин рафтор таҳрик медиҳад.

“Чанде қабл ҳукуматҳо дар бораи дигар роҳ надодан ба иғвогариҳо ба созиш расиданд, лекин онҳо боз онро риоя намекунанд. Сабаби чунин амал ба мо маълум нест, шояд онҳоро касоне таҳрик медиҳанд, ки ба ташаннуҷи вазъ дар сарҳад манфиатдоранд”, - изҳор кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар муқобили ин амалҳо ҳеҷ гуна чораҳои ҷавобӣ рӯйи кор нагирифта, сокинон аз равуо бо ин роҳ худдорӣ намуданд.

“Роҳ ба Ворух баста нашуда, лекин сокинони Оқсой дар ду тарафи роҳ сангҳо дар даст меистоданд. Табиист, ки сокинони Ворух то субҳ аз равуо бо ин роҳ баҳри рух надодани ягон муноқиша худдорӣ намуданд. Субҳи имрӯз мошинҳо бо ин роҳ гузаштанд, алҳол вазъ орому тинҷ аст”, - илова кард манбаъ.

Ҷамаоати Ворух бо аҳолии беш аз 34 ҳазор нафар пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар дохили қаламрави Қирғизистон қарор гирифт. Ягона роҳе, ки аз Хоҷаи Аъло ба ин ҷазирақаламрав (анклав) меравад, тариқи деҳаи қирғизии Оқсой мегузарад. Бар асари баҳсҳо дар мавриди қитъаи замину обёрӣ ин ҷо тез-тез муноқишаҳо рух дода, ҷониби Қирғизистон роҳро мебандад.

Қобили зикр аст, ки аз 976 километр тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.

Пас аз гуфтушунидҳои панҷрӯза бо иштироки муовинони сарвазирони кишварҳо аз замони оғози муноқиша, вазъ дар сарҳад ба эътидол оварда шуд.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки гунаҳкорони сар задани муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 апрел дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади ду давлат ба иғвогариҳо роҳ намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.