Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Рязан тасдиқ ва боз дар бораи 6 нафар тоҷикистониёни дигари ҷароҳатбардошта хабар дод.
Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки шахсияти фавтидагон муайян шуда, айни замон ҷиҳати интиқоли ҷасади онҳо ба ватан чораҷӯӣ мешавад.
“Ҳамаи 6 нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки байни онҳо духтари 14-сола низ ҳузар дорад, - иттилоъ дод Аҳмадов. - Боз 6 нафар шаҳрвандони дигари осебдида дар бемористонҳои вилояти Рязан бистарианд”.
Зимнан зикр шуд, ки намояндагии Вазорат дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Рязан ҷиҳати ба ватан фиристодани ҷасади фавтидагон тадбирҳо андешида, ба ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо кумак мекунад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари садамаи мудҳиш дар Рязан ҳалок шуданд:
1.Назримова Назира Ҷамшедовна, ст. 21.07.2005
2.Назримова Гулдона, ст. 02.02.1983
3.Саидов Абдулло Саидбекович, ст. 14.09.1974
4.Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич, ст. 08.05.1989
5.Халилов Ислом, ст. 1974
6.Муллоев Фирӯз Бурҳонович, ст. 08.11.1977.
Бистаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявии Шатск:
Ахмедов Раҳмон Тоҳирович, ст. 02.05.1991
Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, ст. 16.04.1988
Баротов Фурқат Зокирович, ст. 1971
Алиев Самандар Валиевич, ст. 02.03.1981.
Бистаришуда дар беморхонаи марказии ноҳиявии Сасово:
Назримов Ҷовидон Ҷамшедович ст. 14.01.2007
Саидов Саидхон Фатҳуллоевич ст. 14.08.1984.
Ёдрас мекунем, ки дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак - ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳи рӯзи 6 август тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.