Ҳодиса наздикиҳои шоми 1 сентябр дар ошхонаи тарабхонаи “Шоми Қалъа”, воқеъ дар наздикии Қалъаи Ҳисор рух дод.

“Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба миён омада, дар натиҷа 10 нафар коргарони тарабхонаи мазкур ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил аст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бар асари ин таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, бар асари ин ҳодиса аз ҷумла молики ин тарабхонаи машҳур сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор Зоир Маҷидович Олимов ва писару духтараш, ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи саломатии 4 нафар аз захмиён, аз ҷумла писари Зоир Олимов, вазнин арзёбӣ мешавад. Худи Зоир дастонаш дар ин ҳодиса сӯхтааст.

Гуфта мешавад, тарабхонаи "Шоми Қалъа”аз тарабхонаи пурмуштарӣ дар Ҳисор дониста шуда, меҳмонону сайёҳоне, ки ба тамошои Қалъаи Ҳисор меоянд, барои тановули мурғбирён (табака)-и маъруфи ин тарабхона меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.