Рӯзҳои истироҳати сипаришуда аз садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Аз ҷумла, ҳодисаи марговар шоми 8-уми сентябр рух дод.
Ронандаи автомашинаи Hyundai Starex ба автомашинаи Mercedes-Benz бархӯрда, он дар навбати худ пиёдагардони ноболиғро пахш кардааст.
“Ҳодисаи фоҷиабор рӯзи 8-уми сентябр тахминан соатҳои 20:50 дақиқа дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ (наздикии “Кохи Борбад”) рух дод. Ронандаи автомашинаи Hyundai Starex Ҷ.Эмомов дар сероҳаи И.Сомонӣ ба автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz таҳти идораи Авлоқулови 19-сола бармехӯрад. Дар натиҷа Mercedes-Benz пиёдагардони ноболиғ: Сиёвуши Зафари 15-сола, хонандаи синфи 9 ва Аюб Муҳиддинзодаи 17-сола, хонандаи синфи 11-ро пахш кардааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.
Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта пиёдагардони ноболиғ дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд.
“Ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz Ф.Авлоқулов низ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳодисаи садамаи нақлиётӣ мавриди тафтиш қарор дорад”, - қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот.
Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи ронандаи автомашинаи Hyundai Starex маълумот намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ҷасади ду навраси ҳалокшударо баъд аз зуҳри рӯзи 9-уми сентябр ба хок супурданд. . Волидони онҳо кормандони радиои “Садои Душанбе” ва Шабакаи аввали Тоҷикистон буда, дар бинои Кумитаи телевизион ва радио зиндагӣ мекарданд.
Маркази матбуоти ВКД ҳамчунин дар бораи 3 садамаи нақлиётии марговари дигар дар қаламрави кишвар рӯзҳои истироҳат хабар медиҳад.
Рӯзи 7-уми сентябр ронандаи автомашинаи Opel Astra Дилҷон Маллаеви 24-сола зимни ҳаракат дар қаламрави деҳаи Свердлови ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, пиёдагарди 3-сола Фирӯзшо Мирзоевро пахш мекунад. Дар натиҷа писари хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Дар дигар садамаи нақлиётӣ Гурез Назришоев ҳангоми идораи трактор бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар қаламрави заминҳои кишти Селгараи ноҳияи Панҷ велосипедрони 9-сола Иброҳим Раҷабовро пахш кардааст, ки ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.
Рӯзи 9-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Муҳиддинҷон Саидов дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, Шоира Абдураҳмоноваи 39-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста