Дар шимоли кишвар як мард зани ҳомилаи худро пеши чашмони модараш ва дар ҷануб як нафари дигар завҷаашро барои рад кардани муносибати маҳрамона куштаанд.
Куштор барои ҷудошавӣ
Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд баррасии парвандаро нисбат ба сокини 26-солаи ҷамоати Нофароҷи деҳоти Навободи шаҳри Истаравшан Насибҷон Азизов ба итмом расонид.
Додгоҳ ӯро дар куштор гунаҳкор дониста, ба 18 соли маҳрумият аз озодӣ дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Фирӯза Аҳмадзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи май ҳамсари Азизов бо фарзандонаш назди волидонаш рафта, барои бекор кардани ақди никоҳ ариза навишт. Маҳкумшуда ба идомаи ҳаёти муштарак бо завҷааш хоҳиш дошт, аммо зан розӣ набуд.
Фоҷиа рӯзи 5-уми августи соли 2019 рух дод.
“Маҳкумшуда бо мошини худаш таксиеро дарёб мекунад, ки дар он зану модараш қарор доштанд. Ӯ ба нишастгоҳи қафои такси паҳлӯи занаш нишаста, бо корди хоҷагӣ ба ӯ 7 зарба мезанад ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, - гуфт судя.
Дар натиҷа ҷавонзани он замон ҳомиладор фавтида, се фарзандни ноболиғаш – духтарони ду, се ва ҳаштсола ятим монданд.
Қатли ҳамсар барои рад кардани муносибати маҳрамона
Суди ноҳияи Восеъ нисбат ба шаҳрванд Фаррух Халифаев, сокини шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукм содир карда, ӯро дар куштори барқасдона гунаҳкор донист. Моҳи июни соли 2018 Халифаев ҳамсари худро куштааст.
Дар ин рӯз Халифаев субҳи барвақт ба хона омада, ҳамсари ҳамроҳи кӯдакон хобидаашро бедор мекунад.
Ӯ занро барои муносибати маҳрамона ба хонаи дигар даъват менамояд. Зан ин хоҳиши ӯро рад мекунад. Мард аз ин ҷавоб хашмгин шуда, ба ҷисми завҷааш 13 зарбаи корд мезанад. Зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Халифаев пас аз содир кардани ҷиноят худаш ба ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ҳозир шуда, ба амалаш иқрор мешавад.
Ӯ бо қарори суди ноҳияи Ҳамадонӣ ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.