Бар асари ҷанҷолу занозании дастаҷамъона дар вилояти Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Дар ин бора «Телеканал 360» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳамла нимаи шаб дар назди қаҳвахонаи “Звездочка” дар Сергиев Посад сурат гирифтааст.
“Чанд нафар шахсони номаълум назди автомобил омаданд. Ин замон дар дохили мошин 2 кас қарор доштанд, ки яке 24 ва дигарӣ 30 сол доштанд. Ҳамлагарон ба сӯйи автомашина оташ кушода, сипас шахсони дар он қарордоштаро берун кашиданд ва ба лату кӯби онҳо пардохтанд. Ғайр аз силоҳи оташфишон, онҳо аз силоҳи сард низ истифода карданд, ки бар асари он ҷабрдидагон аз захмҳои корд ҷароҳатҳои зиёд гирифтанд. Онҳо бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Боздошти ҷинояткорон алҳол муяссар нашудааст”, - зикр мешавад дар гузориши «Телеканал 360».
Як манбаи «Комсомольская правда» гуфтааст, муноқиша нахуст дар қаҳвахонаи “Звездочка” сар зада, сипас байни ду гурӯҳи мардон ҷанҷолу занозанӣ оғоз мешавад, ки дар берун бо чунин натиҷа анҷом меёбад.
Дар Сарраёсати минтақавии ВКД далели рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда, ҳамчунин хабар додаанд, ки аз он 2 нафар осеб дидаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
“Аз рӯйи ин далел кормандони пулис санҷиш гузаронида, ҳамчунин шахсияти иштирокчиёни муноқиша муайян карда мешавад. Бар асоси маводи ҷамъоваришуда чораи минбаъдаи таҳқиқи ҳодиса қабул мешавад”, - менависад хабаргузорӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.