Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои нохуш 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рӯзи 13 июл ба чаронидани чорво машғул буд.

“Ҷавон ба хона барнагашта, кофтукови ӯ оғоз мегардад, ки қариб як шабонарӯз идома меёбад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ҷавон, ки аз зарбаи оташаки раъду барқ осеб дида буд, рӯзи 14 июл дар наздикии кӯҳи Онасанг дарёфт шудааст.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ноҳияи Ванҷ навраси 12-сола дар об ғарқ шуда, муяясар шудааст, ки ҳамсоли ӯ наҷот дода шавад.

“Наврасони 12-сола дар ҳавз машғули оббозӣ буданд, ки ногаҳон ғарқ шуданд. Аҳолии деҳа саривақт ба ёрӣ расида, ҳар дуро зинда аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд. Яке то расидан ба бемористон ҷон дода, дуюмӣ ҳоло муолиҷа мешавад”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, аз оғози сол дар Тоҷикистон 41 нафар дар нукоти мухталифи кишвар дар об ғарқ шуданд, ки синни 12 нафари онҳо то 16-сола буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.