Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар 56 солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ давоми ду ҳафтаи ахир дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо иллати сактаи қалб бистарӣ буд.
Ҳафиз Юсуфӣ охири моҳи октябри соли равон расман Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуда буд.
Дар Раёсати оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сардорашон соати 04:00 саҳарии 17-уми ноябр аз олам даргузашт ва соати 11-и ҳамин рӯз ба хок супурда шуд.
“Сардор қаблан бемории қалнд доштанд. Ду ҳафта пеш сардорро бо бемории сактаи қалб дар Шӯъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ карданд.Субҳи имрӯз 17-уми ноябр дар ҳамин шӯъба зери дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷон ба ҳақ супурданд. Инсони хело хуб буданд.”-гуфтанд дар Раёсат.
Ҳафиз Юсуфӣ ҳамаги баъди тахмин чаҳор моҳи Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуданаш вафот кард. Ӯ беш аз 33 соли умри худро дар вазифаҳои гуногуни РВКД дар вилояти Суғд гузаронидааст. Соли 1996 Мактаби олии милитсияи ВКД ҶТ-ро хатм намуда, баъдан солҳои 1987-1988 корманди ротаи Шуъбаи ғайриидоравӣ дар назди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои 1988-2017 дар вазифаҳои гуногуни корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд кор кард.
Ҳафиз Юсуфӣ то замони сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шудан, қаблан сардори шӯъбачаи бақайдгирии имтиҳоноти ШБДА РВКД-и Суғд буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста