Бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, сел дар ҷамоати Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ҷони 10 нафарро гирифта, ба мардуми маҳаллӣ ва киштзору боғоти онҳо хисороти ҳангуфт расонидааст. Ҳамчунин 2 зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозӣ қурбонии ин офати табиӣ шудаанд.
Аз ҷумла дар деҳаи Киштӯдаки ин ҷамоат, ки дар баландии 30 км аз маркази ҷамоат ҷойгир аст, 10 нафар зери сел монда, ки то имрӯз ҷасади 8 нафари онҳоро аз селобаҳо пайдо кардаанд ва кофтукоби ду ҷасади дигар давом дорад.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, наҷотдиҳандагони ин ниҳод ҷасади 8 нафарро пайдо кардаанду аз ду нафари дигарро мекобанд.
Ҳамчунин ин сел, ҳайвоноти хонагии гуногуни сокинон ва чандин мошини сокинони ин ҷамоатро ҳам бурдааст.
Ду зани дигар дар худи деҳаи Дашти Қозии ҷамоати Ёрии Панҷакент қурбонии ин сел шудаанд, ки ҷасади онҳоро сокинони маҳаллӣ аз селобаҳо берун кашидаанд.
То кунун дар бораи хисорот дидани 15 хона, киштзору боғҳо, 3 км роҳҳои маҳаллӣ ва 35 ҳайвоноти хонагӣ гузориш расидааст.
Дар вилояти Суғд бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, ҳамчунин ба ноҳияҳои дигар ҳам хисорот расидааст. Сел дар деҳаи Вашани ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, 4 км роҳро вайрон карда, 2 пули мошингузарро тахриб намуда, пояҳои хатти барқро низ ба бурда, 8 хонаи сокинонро қиман тахриб кардаву замину киштзорҳоро низ зарар додааст. Хушбахтона дар ин деҳа хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Дар деҳаҳои Пастиғав, Ҳадишаҳр, Пит ва Ревомутки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ сели рӯзҳои ахир 5 хонаро қисман вайрон кардаву 10 км роҳҳро тахриб намудааст.
Дар деҳаҳои Ростровут ва Некти ноҳияи Деваштич низ 15 хона зарар дидаанд. Ҳоло ба гуфтаи КҲФ дар ҳамаи ин маконҳо комиссияҳо кор бурда истодаанд ва ба бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ машғуланд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрел соли 2025
“Танҳо машварат ройгон, ташхис не!” Маъракаи ташхису муоинаи ройгони тиббӣ чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ кам карда шавад. Онҳо бояд чӣ гуна бошанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2025
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста