Се шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 18 сентябр дар маркази шаҳри Новосибирски Русия даруни автомашина зинда ба зинда сӯхтанд.
Тавре МК Новосибирск бо истинод ба Раёсати БДА дар ин шаҳр хабар медиҳад, автомашинаи Volkswagen Polo-ро онҳо ба иҷора гирифта будаанд.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, автомашина бо суръати баланд ҳаракат карда, дар натиҷа ба поячӯби чароғи рӯшноидҳанда бармехӯрад. Пас аз бархӯрд расиши симу ноқилҳо ба вуҷуд омада, автомашина оташ мегирад.
Ба иттилои манбаъ, автомашина бо одамоне, ки дар дохили он буданд, пурра сӯхтааст.
Зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.