Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум як хирс ба ду сокини ноҳияи Ванҷи ВМКБ дарафтодааст.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр дар деҳаи Ғумасти ҷамоати Рованди ин ноҳия рух додааст.

“Қарибиҳои соати 10:00 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ду сокини 48-сола ва 14-солаи деҳаи Вишхарви ноҳияи Ванҷ хирс дарафтодааст, - хабар медиҳад Кумита. – Ҳар ду аз ҳамлаи хирс ҷароҳат бардошта, хушбахтона, зинда мондаанд”.

Гуфта мешавад, ба ҷабрдидагон муяссар шудааст, ки аз таъқиби хирс халос шаванд ва бо ёрии сокинони маҳаллӣ онҳо ба беморхона оварда шудаанд. Айни замон вазъи солимии онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти КҲФ, дар тирамоҳ хирсҳо фаъол мешаванд, зеро дар ҷангалҳо меваҳои буттагӣ пухта мерасанд ва хирсҳо ба онҳо майлу рағбати зиёд доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.