Рӯзи 7 декабр сокини шаҳри Душанбе Нуралӣ Ғаффорови 33-сола дар ҳолати сархушии зиёд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард.
Тавре Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, автомашина нахуст бо суръати баланд ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.
Бар асари ин садамаи нақлиёт Ҷамшед Абдухолиқови 39-сола, ҳамсари 33-солаи вай, фарзандони 8 ва 3-солаи ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Имрӯз, 8 декабр падари хонадон Ҷамшед Абдухолиқов аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона ҳалок шуд.
Нисбат ба ронандаи автомашина мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.