Дар истгоҳи автобуси «Рязанский проспект»-и шаҳри Маскав дирӯз, 14 декабр як роҳгузар ба гардани боррасон (курер)-и «Яндекс.Еда» бо корд зарба зад.

Боррасон дар истгоҳ автобусро мунтазир будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид ба «Комсомольская правда» гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Пас аз ин ӯ аз кисааш корд бароварда, ба гардани боррасон зарба задааст. Раҳгузарон мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд.

Тибқи маълумоти Lenta.Ru, ҷабрдида - ҷавони 20-сола, зодаи Тоҷикистон хуни зиёде аз даст дода, айни замон дар бемористон қарор дорад ҳолаташ сатҳи миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ҳозир ҷабрдида, боррасони 20-сола дар бемористон буда, вазъи ӯро табибон вазнин баҳо медиҳанд”, - хабар додааст як манбаъ дар хадамоти ёрии таъҷилӣ.

Гумонбар ба суиқасди куштор ба бозпурсӣ оварда шудааст. Ин шахс сокини 40-солаи вилояти Кемерово мебошад. Муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ояндаи наздик нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.