Бар асари садамаи нақлиёт, ки 20 январ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ рух дод, се нафар ҳалок ва се каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 20 январ дар роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ғафуров рух додааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz, сокини 28-солаи Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба автомашинаи ҳамин тамға зери идораи сокини 29-солаи Конибодом бармехӯрад", - омадааст дар хабаримаркази матбуоти Вазорат.
Гуфта мешавад, бар асари ин садама се нафар мусофири автомашинаи сокини Исфара, як марду ду зан ба ҳалокат расидаанд.
Зикр мегардад, ки ронандагони ҳар ду автомашина ва боз як мусофири дигар ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.