Шахсияти шаш муҳоҷири тоҷик, ки субҳи 26-уми январ бар асари заҳролудшавӣ ҷасадашон дар вилояти Волгоград пайдо гардид маълум шуд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар ин бора хабар медиҳад.
Ин намояндагӣ бегоҳии 26-уми январ дар баёнияе гуфт, дар робита ба қазияи марги шаш нафар бо мақомоти тафтишории Русия дар тамоси доимӣ аст ва масъулинро барои таҳқиқи ҳодиса ба вилояти Волгоград сафарбар кардааст. Манбаъ рӯйхати қурбониёни ҳодисаи заҳролудшавиро нашр кард, ки аз 20 то 37 сола буда, вале нагуфтааст аз кадом минтақаи Тоҷикистон мебошанд.
Ба ин тартиб аз муҳоҷирони тоҷик: Саломов Идибек Мирзохуҷаевич соли таваллудаш 1992, Файзиддинов Нуридин Айнидинович 1985, Кабутов Саидакрам Хусниддинович 2000, Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ 2000, Файзиддинов Қобилҷон Комилҷонович 2001 ва Файзиддинов Қосимҷон Комилҷонович 2002 ном бурда мешавад, ки бар асари заҳродудшавӣ вафот кардаанд.
Бархе манобеъ гуфтаанд, ки ин муҳоҷирон сокинони ноҳияи Ҷайҳун ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон будаанд.
Дирӯз, расонаҳои русӣ аз ҷумла хабаргузории “Интерфакс” гуфта буд, ки ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз дохили мошине пайдо шуд, ки дар пайи заҳролудшудавӣ аз гази ихроҷшуда ҷон бохтаанд.
Аммо баъдтар “Интерфакс” хабар дод, ки ҷасади онҳоро аз дохили гармхонае дар ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград пайдо кардаанд, ки аз оксиди карбон заҳролуд шудаанд.
Ба қавли манбаъ нафари ҳафтуми муҳоҷири тоҷик тавонистааст наҷот ёбад ва баъдан бо “Ёрии таъҷилӣ” ӯро ба беморхона бурда бистарӣ кардаанд. Аммо шаш муҳоҷири дигар дар дохили гармхонаи хоҷагии деҳқонӣ бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтаанд.
“Муфаттишон дар ҷои ҳодиса муайян кардаанд, ки дар гармхона як генератори барқии бензинӣ насб шудааст, ки дуди он ба далели набуди ҷойи баромади озод, бар хилофи қоидаҳои бехатарӣ вориди гармхона шудааст”.-овардааст, “Интерфакс”
Мақомоти тафтишотии Русия дар робита ба марги фоҷиавии шаш муҳоҷири тоҷик аз руйи моддаи “аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин моддаи қонуни Русия ҷазои то чаҳор сол маҳкум ба зиндонро пешбинӣ мекунад.
Расонаҳои русӣ бо интишори чанд аксу навор аз ҷойи ҳодиса мегӯянд, мақомоти тафтишотӣ ба таҳқиқи ҷузъиёти пурраи ҳодисаи заҳролудшавии шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба кор шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста