Бар асари як ҷанҷолу занозанӣ дар Кӯлоб ноболиғи 16-сола ҳалок шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, байни ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муноқиша сар задааст.

Ҷавони 18-сола бо мушт ба сатҳи чакагии мағзи сари ноболиғ задааст, ки дар натиҷа номбурда зарари вазнин ба саломатиаш гирифтааст.

Дар бораи дар куҷо рух додани ин ҳодиса ВКД хабар намедиҳад. Танҳо гуфта мешавад, баъди муноқиша ноболиғи мазкур субҳи рӯзи 13-уми июл дар хонаи истиқоматиашон фавтидааст.

Мутобиқи хулосаи эксперти Маркази экспертизаи судию тиббӣ, ноболиғ аз ҷароҳати гирифтааш дар сар ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.