Муноқишаи лафзӣ назди як қаҳвахона дар шаҳраки Измайловои вилояти Маскав байни гуруҳи мардон ба ҷанҷолу занозанӣ бадал шуда, бар асари он 2 нафар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав.

“Пешакӣ муайян карда шудааст, ки муноқишаи лафзӣ байни гуруҳи шаҳрвандон назди қаҳвахона дар шаҳраки Измайлово ба вуқӯъ пайваста, сипас онҳо ба берун мебароянд ва ҷанҷолу занозанӣ мекунанд. Дар натиҷа 2 нафар мардони синни 29 ва 33-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба муассисаи тиббӣ бурда шудаанд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории ТАСС изҳор намудаанд, ки ҷанҷолу занозанӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода, дар он зиёда аз 10 нафар иштирок кардаанд.

Дар Сарраёсати ВКД илова намудаанд, ки барои таҳқиқи минбаъдаи ҳодиса як ҷавони 19-солаи қаблан маҳкумшуда ба шуъбаи пулис оварда шуда, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

“Айни замон барои муайн кардан ва боздошти боқимонда иштирокчиёни муноқишаву занозанӣ тадбирҳо андешида мешаванд”, - гуфтаанд дар Сарраёсати ВКД.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.