Нимаи дуюми рӯзи 25-уми март ронандаи мошини боркаши «Дулан» таҳти идораи марди 39-солаи сокини деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ш. Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад ва чаппа мешавад.
"Дар ин садама ду мусофире, ки дар дохили мошин буданд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", — хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади фавтидагонро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол ёфтааст.