Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола, ягона писари шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева) дар дарёи Сири шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса рӯзи 13 апрели рух дода, бегоҳӣ ҷасадашро аз об берун баровардаанд. Дар ин бора наздикону пайвандони шоирон хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Каримзода донишҷӯи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
Ӯ фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф, дар донишгоҳ таҳсил мекард ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.
Озарахш (Толиб Каримов) сармуҳаррири Нашрияи "Паёми Суғд", шоир ва таронасарои маъруф буда, дар маҳфилҳо овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева)-ро, ки дар кишвар устоди шеъри муосир ном мебаранд, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагон ба номи Турсунзода (1995), ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) буда, ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.
Хабари марги Ҳумоюн шаби гузашта соати 22:30 дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва то ин дам садҳо нафар ба оилаи шоирони халқи изҳори тасаллият навишта, баъзе аз шоирон сӯгномаҳо нашр кардаанд.
Аз ҷумла, Иттифиқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба ду шоири халқии Тоҷикистон тасаллият гуфтааст.
Ҷанозаи Ҳумоюн Каримзода имрӯз соати 10:00 дар кучаи Саид Носирови маҳаллаи Пахтакор, ҳавлии шоирони халқӣ Фарзона ва Озарахш баргузор мешавад.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум, махсусан шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста