Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ се ҳодисаи нохуш дар об ба қайд гирифта шуд, ки фоҷабор анҷом ёфтанд. Се нафар ғарқ шуданд, ки ду нафари онҳо бачаҳо буданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 15 июнӣ тахминан соати 12:35 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ ва ба ҳалокат расид.

“Ба ҷустуҷӯи ҷасади номбурда имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷалб шуданд ва ғаввосон ҷасади писаракро пайдо ва ба волидонаш супурданд”, - омадааст дар хабар.

Ҳодисаи дуюм низ дар қаламрави вилояти Хатлон рух дода, як сокини 18-солаи деҳаи Ваҳдати ноҳияи  Ёвон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи канали байнидеҳаҳо ғарқ гардид. Ҷасади ӯро сокинони деҳа пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи сеюм дар шимоли кишвар рух дода, як сокини 7-солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар канали “Туксанкорез” ғарқ шуд. Сабаб беназоратии падару модар. Ҷасади ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ба ин тариқ, аз оғози сол то 16-уми июни соли ҷорӣ дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Дар ин робита Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки ҳангоми дар об ё назди обанборҳо қарор доштан, қоидаҳои бехатарии рафтор дар обро риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва аз волидон хоҳиш мешавад, ки дар ин гуна макон кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки рейдҳои муштараки КҲФ, ВКД, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш идома дорад. Чунин рейдҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар ва ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён гузаронида шудаанд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Дар ҷараёни рейдҳо мавҷуд будани таҷҳизоти садама ва наҷотдиҳӣ, гӯшаи иттилоотӣ дар бораи қоидаҳои рафтор ҳангоми оббозӣ санҷида шуда, бо наҷотдиҳандагон машғули кор дар обанборҳо суҳбатҳо доир гардид.

Гурӯҳи корӣ аз НБО “Варзоб” низ боздид намуд. Обанбори он барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, лекин бо вуҷуди ин, асосан наврасону кӯдакон дар он ҷо оббозӣ мекунанд. Бо онҳо ҳам суҳбатҳо гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.