Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб, то ин лаҳза 10 нафар ҷон бохта, 13 нафар захмӣ шудаанд. Се нафар аз фавтидагон ба хок супорида шуда, ҷасади дигар ҷонбохтагон ба хонаводаҳояшон дода мешаванд.
Аз 13 нафар захмӣ се нафар пас ташхису муоина ба хона рухсат дода шуда, ҳолати ду нафар аз маҷрӯҳон вазнин арзёбӣ мешавад.
“Ҳоло 5 нафар захмӣ дар шӯъбаи осебшиносӣ ва 5 нафари дигар дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ ҳастанд. Ҳолати ду маҷрӯҳе, ки дар шӯъбаи эҳё қарор доранд, вазнин аст”, - гуфт Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки фавтидагон – 6 нафар мард, 3 нафар зан ва 1 нафар ноболиғ мебошад.
Фавтидагон:
1. Бобоназарова Сайёра, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлоб;
2. Сайфова Бебунисо, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Кӯлоб;
3. Эргашов Шӯҳратҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ;
4. Абдуллоев Олимҷон, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Мӯъминобод;
5. Одинаева М., соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Кӯлоб;
6. Гулов Муболшо, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Кӯлоб;
7. Нирмадиев Шоҳрӯз, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб;
8. Каримов Фурқат, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Кӯлоб;
9. Розиқов Аминҷон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб;
10. Ёров Абӯбакр, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Кӯлоб.
Захмиён:
1. Ҷумаев Файзалӣ;
2. Ёров Сафаралӣ;
3. Бобохонов Алиҷон;
4. Сӯфиев Қурбон;
5. Мадинаи Ҷумахон;
6. Муминзода Шоҳрух;
7. Ахунов Суҳроб;
8. Ҳусейнов Ҳусейн;
9. Ҷӯраев Бахтиёр;
10. Фаридуни Ҷамолиддин;
11. Бакиров Хуршед;
12. Қурбонов Орзу;
13. Мирзоҳусейнов Толибҷон.
Дар ҳамин ҳол, Арафамоҳ Даминзода, муовини шаҳрдори Кӯлоб дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷонбохтагони шаҳри Кӯлоб сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, С.Вализода, Ҷаббор Расулов ва 1- уми май мебошанд.
Ин масъул гуфт, ки дар пайи ин садамаи нақлиётӣ 3 манзили истиқоматӣ комилан хароб гардиданд.
“3 нафар фавтидагон соҳибони хонаҳои истиқоматӣ мебошанд. Субҳи имрӯз ҷасади 3 нафар сокинони маҳаллаи 1-уми майро ба хонаводаҳояшон доданд ва онҳо ба хок суприда шуданд. Ҷасади дигар фавтидагон ҳам ба хонаводаҳояшон супорида мешаванд”, - гуфт муовини шаҳрдори Кӯлоб.
Ӯ афзуд, ки фавтидагон дар қабристонҳои Хӯҷағоиб ва Гулбоғи шаҳри Кӯлоб ба хок супорида мешаванд.
Арафамоҳ Даминзода таъкид кард, ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба бозмондагони ин се оилае, ки хонаҳояшон хароб шуданд, хонаи нав месозад, сару либос медиҳад ва кӯмаки якдафъаина мерасонад.
Ҳоло дар пайи ин ҳодиса Ситод таъсис дода шудааст ва хисороти он ҳисоб карда мешавад.
Бояд гуфт, ки шоми дирӯз, 6-уми август, ронандаи мошини боркаши “Дулан” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз мошинро идора карда натавониста ва дар натиҷа бо суръати баланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд.
Ронандаи дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни ҳол ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста