Зуҳри имрӯз, 30-юми август дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини собиқи раиси “Ориёнбонк”, ки моҳи июн аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ рабудаву кушта шуд, баргузор мегардад. Дар ин бора наздикони марҳум хабар доданд.
Ба иттилои онҳо, ҷасади Исматуллоев, ки баъди тақрибан 2 моҳи кофтуков дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент дарёфт шуд, дар қабристони Сари осиё ба хок супорида мешавад.
Қаблан, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд.
Қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир ба ҳисоб меравад, ки печутобҳои зиёде дорад.
Дар миёнаҳои моҳи июни соли равон, баъди сару садо дар бораи рабуда шудани ӯ, Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри иттилоияе хабар дод, ки Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар дастгир ва ба воситаи нақлиёти “Хюндай-Соната” ба ҷои номаълум бурда шуд.
ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.
Ин ниҳод бо нашри иттилоияи алоҳида гуфт, ки нафароне, ки дар одамрабоии Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад.
Тарқибан, баъди як ҳафта, Додситонии кулли кишвар ҷузъиёти рабудан ва кушта шудани Исматуллоевро муфассал шарҳ дод.
Ин ниҳод навишт, ки Шуҳрат Исматуллоев аз ҷониби як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида шуда, то соати 03:00 бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа ва ба қатл расонида шуд.
Дар иттилоияе, ки ин ниҳод нашр намуд, гуфта мешуд, ки роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд ва аъзоёни дигари гурӯҳ Рустам Ашуров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов ва дигарон мебошанд.
Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.
Ин ниҳод менависад, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - навишт Додситонии кулл.
Пеш аз ин хабаре нашр гардида буд, ки Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи ҷинотяӣ рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва дертар дар беморхона ҷон дод.
Ӯ дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ба модараш иқрор мешавад, ки ӯ ба рабудан ва куштани одам саҳм дорад ва “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.
Ҳамин тариқ, куштори Шаҳрат Исматуллоев ҳадсу гумонҳои мухталифро ба миён овард.
Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев 16 нафар гумонбар буда, то ба ҳол 13 нафари онҳо дастгир шудаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷиикистон дар нишасти ахири матбуотӣ тасдиқ кард, ки ду нафар кормандони пешини ВКД дар ин ҷиноят фаъолона ширкат доштанд.
Ӯ гуфта буд, аз тарафи ҷинояткороне, ки аллакай дастгир шудаанд, рабуда ва баъдан ба қатл расонидани Шуҳрат Исматуллоев пурра исбот гардида, чанде аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, барои боздошту ба кишвар овардани онҳо чораҷӯӣ идома дорад.
Рамазон Раҳимзода паноҳ бурдани Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо “Дилшоди красавчик ё СБ”-ро дар Ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер рад кард ва изҳор дошт, ки Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд ва ба кадом созмоне ворид нашаванд бо ҳамтоёни хориҷии худ онҳоро дастгир мекунанд." Дилшод Саидмуродов яке аз кормнадони пешини ВКД буда, сардори гурӯҳи ҷиноятӣ дар рабуда ва куштани муовини “Ориёнбонк” дониста мешавад.
Дирӯз, ВКД хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари кориаш ба Русия масъалаи дастгир намудани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт.
Бояд гуфт, ки Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати “Тоҷик эйр” мебошад.
Ӯ солҳои дароз дар “Ориёнбонк” ба ҳайси муовин фаъолият дошт ва яке аз мутахассисони хуби соҳаи бонкдорӣ гуфта мешавад.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста