Як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар хабарномае, ки баъди зуҳри имрӯз, 7-уми август, дар сомонаи ин ниҳод нашр гардид, аз ин гумонбар Бахтовар Сафарови 28-сола ном бурда мешавад, ки қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Бахтовар Сафаров як рӯз пас аз рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев - 24 июни соли 2023 тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор карда буд. Аз кишвари ҳамсоя мушаххасан ном бурда намешавад.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – шаҳрванд Сафаров Бахтовар Назарович, соли таваллудаш 5 марти 1995 (қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст), дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд”, - омадааст дар хабарномаи Додситонии кул.
Ин ниҳод гуфтааст, то ҳол дар доираи тафтишот шахсияти роҳбар ва 15 аъзои гуруҳи муташаккил муайян карда шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.
“Амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд”, - гуфтааст Додситонии кул.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.
Дар иттилоияе, ки Додситонии кулл нашр намуд, зикр мегардид, ки роҳбари гурӯҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд.
Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.
Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - омада буд дар хабари Додситонии кулл.
Рӯзи 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.
Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд.
То ба ҳол ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро дар дарёи Зарафшон, сар аз ноҳияи Айнӣ то сарҳади Ӯзбекистон ҷустуҷӯ доранд.
Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Аз Сомониён то Сиёвушгирд. Дар Дарвозу Шуғнон чанд деҳаи нав “ташкил” шуд
Вазири фарҳанг ваъда дод, Вазорати тандурустӣ роҳпулӣ ҷудо кард, вале ҳанӯз маблағи табобати Нозим Меликов ҷамъ нашудааст
Як мард дар Хуросон барои шиканҷаи ҳамсару кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд
Даромад аз кӯҳу пушта! Бузургтарин боғи чормағз дар куҷо ва чӣ гуна бунёд шуд?
Хатсайри нави Душанбе – Риёз. Роҳандозии ин хатсайр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Холид Ал-Фолиҳ баррасӣ шуд
Ҷудокорзани тоҷик ба медали тиллои Ҷоми Осиё дар Гонконг соҳиб шуд
“Ба мусофирон хӯрок диҳед!” Талаби Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ
“На дар ҳама ҷо”. Сокинони Душанбе то куҷо худро амн ҳис мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста