Дар қисмати ғарби Афғонистон субҳи 15 октябр сеюм заминларза дар ҳафтаи сипаришуда ба амал омад. Дар ду заминларзаи пешин зиёд аз 2 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Хадамоти геологии ИМА (USGS) хабар дод, ки заминларзаи қувваш 6,3 балл бо марказаш дар умқи 6,3 км дар 34 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот рух дод, менависад ВВС.

Ҳирот аз сеюмин шаҳрҳои бузурги Афғонистон буда, каме дуртар аз сарҳад бо Эрон воқеъ аст.

Бино ба маълумоти созмони байнулмилалии “Табибони бидуни сарҳад”, 2 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 150 нафари ҷароҳатбардошта ба беморхонаи Ҳирот муроҷиат кардаанд.

Директори барномаи “Табибони бидуни сарҳад” дар Афғонистон Яҳё Калила ба AFP хабар додааст, ки ба гумони ғолиб, теъдоди қурбониён начандон зиёд хоҳад буд, зеро одамоне, ки аз заминарзаи пешин тарсида буданд, дар хонаҳояшон хоб нарафта, шабро дар хаймаҳо рӯз мекунанд.

1/3

“Онҳо ба ҳаросу воҳима афтодаанд, - иброз дошт вай. - Худро амн ҳис намекунанд. 100% итминон медиҳам, ки ҳеҷ касе дар хонааш хоб нахоҳад рафт”.

Дар ҳамин ҳол, бо назардошти фаро расидани сардиҳо, ба зиндагии зиёда аз як моҳ дар хаймаҳо касе тоқат нахоҳад овард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.