Дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ бар асари садамаи нақлиёт 5 нафар ба ҳалокат расида, танҳо як духтарчаи 6-сола ҷароҳат бардошт ва зинда монд.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, нимаи рӯзи 28 март ба навбатдори фаврии Кумита хабар мерасад, ки дар километри 148-уми роҳи Душанбе - Хуҷанд, ки тариқи қаламрави ноҳияи Айнӣ мегузарад, садамаи нақлиёт рух додааст.
Гуфта мешавад, имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муайян мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи Ravon, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба садама дучор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин садама ронандаи мошин ва 4 мусофири он ба ҳалокат расида, танҳо духтарчаи 6-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳат мебардорад ва зинда мемонад.
Зимнан зикр мегардад, ки имдодгарон ҷасадҳои ҳалокшудагонро аз мошини пачақшуда берун оварда, онҳоро ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва духтарчаи ҷароҳатбардоштаро ба табибон медиҳанд.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста