Ду шаҳрванди Русия, ки чанд рӯз пеш алоқа бо онҳо гум шуда буд, наҷот дода шуданд. Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон алоқа бо кӯҳнавардон замони ба самти қуллаи Озодӣ (қаблан - қуллаи Корженевский, яке аз қуллаҳои баландиаш 7 ҳазор метри Тоҷикистон, - эзоҳи идора) гум шудааст.
“Дар ин бора рӯзи 16 август ба намояндагии дипломатӣ хабар расид. Барои наҷоти русиягиҳо шуъбаи консулгарии сафорат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд”, - зикр мегардад дар хабари сафорат.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи баргузории амалиёти наҷотдиҳӣ шаҳрвандони Русия ёфта шуда, рӯзи 19 август ба Душанбе оварда шуданд.
“Айни замон онҳо худро хуб ҳис мекунанд ва ният доранд, ки рӯзҳои наздик (имрӯз, 21 август) ба Русия баргарданд”, - гуфтанд дар сафорат.
Қуллаи Озодӣ сеюмин қуллаи баланд дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон мебошад. Соли 2020 қуллаи “Корженевский”ба қуллаи “Озодӣ” табдили ном кард.
Қулла 7105 метр баландӣ дошта, соли 1910 аз ҷониби ҷуғрофидони маъруфи шӯравӣ Николай Корженевский бори аввал фатҳ шуд. Ӯ ба хотири ҳамсараш Евгения Корженевская қулларо “Корженевская” ном гузошта буд.