Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов дар мансабаш барқарор карда шуд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор изҳор дошт, ки далелҳои айбдоркунии ӯ дар даст доштан ба «наворбардорӣ, паҳн ва фурӯши дискҳои порнографӣ» исбот карда нашуданд.

Қобили зикр аст, ки 17-уми майи соли равон мувофиқи фармони вазири корҳои дохилӣ майори милиса Ҷ.Садриддинов аз вазифа сабукдӯш гардид. Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки «зимни баргузории тафтишоти дохилӣ аз ҷониби хадамоти амнияти вазорат, дар компютери ӯ файлҳои порнографӣ дарёфт карда шуданд, ки ба шаъну обрӯи хизматчии давлатӣ муносиб нест. Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки ӯ аз мансаб барканор гардад».

Ин далелҳоро Ҷ.Садриддинов беасос номида, дар бораи ғайриқонунӣ будани фармони вазир ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд. Пас аз тафтишоти дуҳафтаина даст надоштани Ҷ.Садриддинов ба далелҳои айбдоркунӣ исбот гардида, додгоҳ ғайриқонунӣ будани фармони вазирро эътироф кард. «Ман бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мустақил буда, аз рӯи адолат рафтор мекунанд», - гуфт дар анҷом Ҷ.Садриддинов.