Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон барои кормандони агентӣ ва пулиси марзбонии Афғонистон тренинги омӯзишӣ (аз 11-ум то 20-уми август) дар мавзӯи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор мешавад.

Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тренинг аз ҷониби мураббиёни Раёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мубориза алайҳи маводи мухаддир ( DEA ) ва кормандони агентӣ дар доираи лоиҳаи Шӯрои НАТО-Русия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза алайҳи қоҷоқи маводи мухаддир, ки онро Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ амалӣ месозад, гузаронида мешавад.

«Ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон тарзҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикиву ҷустуҷӯӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба зимни амалиёти муштарак    омӯзонида мешаванд», - изҳор дошт манбаъ.

Тибқи иттилои намояндаи агентӣ, тренинг бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ташкилии чорабиниҳои фаврӣ оид ба ошкор сохтану ҷилавгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими имконоти дохилии мақомоти марбута доир мегардад.