Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳайати кормандони ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Нигоҳ» имрӯз ният доранд, бинобар дучор гардиданашон ба таъқиботи судӣ дар чанд моҳи ахир нишасти матбуотӣ доир намоянд.

Дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси ҳафтанома Саймуддин Дӯстов изҳор дошт, ки дар таърихи 5-уми июни соли ҷорӣ дар нашрия номаи кушоди шаҳрванд Зулфия Алиева чоп гардид, ки дар он ӯ аз фиребгарии шаҳрванд Сайфулло Лоиқов, ки дар харидуфурӯши ғайриқонунии хонаи ӯ миёнарав будааст, шикоят карда буд.

Номбурда мегӯяд, пас аз як ҳафта ба идораи ҳафтанома шахсе омада, худро Сайфулло Лоиқов муаррифӣ намуд ва далелҳои дар нома ҷойдоштаро рад кард, ки ин раддияи ӯ дар шумораи навбатии ҳафтанома ба табъ расид.

«Сарфи назар аз ин, С.Лоиқов бо аризаи даъвогӣ аз болои З.Алиева ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба додгоҳ шикоят бурд, - зикр кард сарчашма. - Дар аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ С.Лоиқов барои хисороти маънавии ба ӯ расонидашуда 30 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб кардааст».