Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз кормандони милиса ба гумони даст доштан дар мошиндуздӣ сокини пойтахт Акбар Ҳасанови 22-соларо боздошт карданд.

Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини Душанбе муроҷиат намуда гуфтааст, ки мошини навъи «Чанху» (Тангем)-и ӯро аз назди бозори «Саховат» шахсони номаълум дуздидаанд. Дар натиҷаи баргузории амаоиёти фавриву ҷустуҷӯӣ мошиндузд дастгир карда шуд.