Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи иттилои аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс расида, бо пешниҳоди ин вазорат Додситонии кулл аз болои муассиси ҷаридаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
«Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 137 (Тӯҳмат ба президенти Тоҷикистон) боз шудааст», - изҳор дошт манбаъ. айбдор дониста мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон рӯзноманигор дар пайгарди қонунӣ эълон гардида, оид ба боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд. Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Олмон кору зиндагӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов роҳбари ҳаракати «Ватандор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоевро террористи иттилоотӣ номид.
Ӯ изҳор дошт, ки Д.Атовуллоев дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, дур аз ватан дар мақолаву изҳороташ шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, ҳукумати Тоҷикистонро назди ҷаҳониён муттаҳам месозад. «Додоҷон Атовуллоев шахси беватан аст, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбар набуд ва шуда ҳам наметавонад», - таъкид сохт додситони кулли ҷумҳурӣ.
Б.Бобохонов ҳамчунин зикр кард, ки «дар сурати хотима набахшидан ба фаъолияти иғвогаронаву тӯҳматангез, аз болои ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошт ва ба маҳкама кашидани ӯ тамоми чораҳо андешида хоҳанд шуд».
Ахири моҳи июни соли равон дар оҷонсии иттилоотии «Росбалт» дар шаҳри Маскав бо иштироки Д.Атовуллоев нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбари ҳаракати «Ватандор» ба таври ошкоро изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад». «Мо хоҳони онем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи кишвари қашшоқ, бадбахт, фасодзада, сӯхта ва поймолшуда огоҳ бошад, - гуфта буд ӯ дар нишасти матбуотӣ. - Ҳолати анъанавии тоҷики имрӯза: сарулибоси кӯҳна, нигоҳи камнури маъюс, ва чеҳраи ғамолуд…».
Бар замми ин, Д.Атовуллоев зикр карда буд, ки нерӯҳои мухолифро дар ғурбат роҳбарӣ мекунад ва аз соли 2004 имкон надорад, ба Тоҷикистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин чунин пешгӯӣ карда буд: «тирамоҳу зимистони соли 2008 дар саросари қаламрави Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо баргузор шуда, иқдомҳои эътирози аҳли ҷомеа сурат мегиранд».
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста