Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз ба гумони узвият дар гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддири сокини Кӯлоб Сӯҳроб Лангариев 21 шаҳрванди Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт шудаанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.

            «Корҳои тафтишотии парвандаи ҷиноии мазкур дар арафаи анҷомёбианд ва ояндаи наздик гунаҳкорон назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», - изҳор дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 27-уми майи соли ҷорӣ Сӯҳроб Лангариеви 29-сола зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои фаромиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.  

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд.

Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳар ду кишвар гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯҳроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.