Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Насрулло Шарипов, ки дар қатли рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур гунаҳкори асосӣ шуморида мешавад, айбнома эълом дошт.
Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Н.Шарипов дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 74 (Ташкил кардани гурӯҳи муташакккили мусаллаҳ) ва 63-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Содир намудани амали террористӣ) гунаҳкор дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, сокини шаҳри Ваҳдат Н.Шарипов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар содир кардани ҷиноятҳои дигар низ даст доштааст. Дар таърихи 13-уми декабри соли 1995 ӯ даст ба куштори роҳбари бахши тоҷикии Би-Би-Си дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур даст мезанад. Дар додгоҳ гуфтанд, қотил иқрор шудааст, ки бо таппонча худаш рӯзноманигорро ба қатл расонидааст.
Мувофиқи маълумоти Додгоҳи Олӣ, дар куштори М.Олимпур боз се нафари дигар низ иштирок кардаанд, ки аллакай ба мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста