Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» дар қаламрави кишвар изҳор дошт, ки ӯ умедвор аст, ки иқдоми мазкур хусусияти пешгирӣ дошта, пешгирии чораҳои ҷазову таъқибот дар пай нахоҳад дошт.

Номбурда мегӯяд, ӯ ҷараёни «Салафия»-ро ҳаракати муташакккиле намеҳисобад, ки манъи он зарурат дошта бошад. Дар ҳамин ҳол, Кабирӣ зикр кард, ки соле пештар худи ҳокимият ба тарғиби васеъи ҷараёни «Салафия» мусоидат карда, акнун фаъолияти онро мамнӯъ месозад.

«Ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар мақомоти дахлдори мо мутахассисони салоҳиятдору корозмудае, ки битавонанд саривақт ва воқеан масоили муҳими марбут ба амнияти миллиро ҳаллу фасл созанд, мавҷуд нестанд», - афзуд М.Кабирӣ.