Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе қаллобе, ки ба боварии занҳо даромада, аз онҳо пул «қарз» мегирифт боздошт шуд.

            Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Сӯҳроб Бӯракови 40-сола моҳи августи соли 2005 ба боварии шаҳрванд Манзура Нишонова даромада, аз ӯ 1 ҳазору 400 $ ва моҳи сентябри ҳамон сол аз зани дигар бо роҳи фиребу қаллобӣ боз 1 ҳазор доллари дигар мегирад, вале сипас бо ҳар баҳонае аз баргардонидани он даст мекашад.

«Занони фиребхӯрда ба милиса муроҷиат карданд ва Бӯраков боздошт шуд», - гуфт манбаъ. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафишот идома дорад.