Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ перомуни «ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардидани собиқ вазир умури дохилии ҷумҳурӣ»-ро рад месозанд.

            Сомонаи Centrasia . ru бо истинод ба сомонаи дигар -   tajmigrant . com маводи сиёсатшинос Фирӯз Мирназаршоевро интишор сохт, ки дар он гуфта мешавад, гӯё М.Солеҳов бо супориши сарвари давлат ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардида бошад   ва гӯё ин супоришро президент пас аз баргаштан аз сафари хориҷӣ додааст.

            Аммо дар мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ чунин иттилоъро рад сохтанд. Мууовини аввали додситони кулли ҷуҳурӣ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки «мо чунин маълумот дар даст надорем». Сардори назорати тадорукотии раёсати Вазорати умури дохилӣ Тоҳир Норматов ишора ба он кард, ки «аввалан, дар қонунгузории мо моддаи ҳабси хонагӣ вуҷуд надорад ва дуввум ин овозае беш нест ва собиқ вазирро касе ба ҳабс нагирифтааст».

            Ёдрас мекунем, ки 29-уми январи соли ҷорӣ М.Солеҳов аз мансаби вазири умури дохилии ҷумҳурӣ сабукдӯш гардид. Он замон сабаби аз кор озод кардани вазирро шарҳ надода буданд.