Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.

            Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод – шаҳрванди ҶТ К.Т. боздошт гардид. «Ҳангоми азназаргузаронии бори номбурда 40 кило маводи мухаддири марихуана дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ҷустуҷӯи афроди дигари ба ин ҷиноят дастдошта идома дорад.