Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Чанд тан марзбони тоҷик дар қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддар гумонбар шуданд.

Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, ҳар се дар қочоқи маводи мухаддар, ки охири моҳи март ошкор гардид гумонбар шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 28 март дар анбори мағозаи хӯроквории «Сабина», воқеъ дар наздикии тарабхонаи «Арбат»-и пойтахт, маводи мухаддари сахттаъсири афғонӣ дар ҳаҷми 83 кг, ки аз он 80 кг ҳашиш ва 3 кг-ро ҳероин ташкил медод, ошкор ва мусодира гардид.

«Миқдори мазкури маводи нашъадор ба Душанбе аз яке аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон оварда шуд. Худи ҳамон рӯзсоҳиби мағозаи «Сабина», бародари ӯ ва мудири анбор ба ҳайси гумонбари ҷиноят дастгир карда шуданд», - хабар медиҳад манбаъ. Дар ВКД-и кишвар иттилоъ доданд, ки кормандони мақомоти қудратӣ дар пайи як амалиёт макони будубоши се хидматчии яке аз қисмҳои сарҳадиро, ки дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон мустақар аст, пайдо карданд.

«Муайян шудааст, ки хизматчиёни ҳарбӣ И.С., М. Ҷ. ва У.Р. ба соҳибмулки мағоза ба маблағи $300 маводи мухаддари дар боло зикршуда фурӯхтанд», - қайд кард манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишон идома дорад.