Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар додгоҳ оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов ду корманди милисаи шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и - Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов ҷавобгӯ хоҳанд буд, - изҳор дошт ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» додраси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сулаймон Қосимов, ки маҳз ӯ дар ҳафтаи оянда раёсати мурофиаи мазкурро ба ӯҳда хоҳад дошт.
Сулаймон Қосимов аз ифшои маълумоти бештар худдорӣ варзида, танҳо гуфт, ки ба ҳар ҳол, парванда тибқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ баррасӣ мешавад.
Айни замон судя парвандаи ҷиноӣ оид ба далели марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли хешовандони ӯ, бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милисаи ШКД-и Сино-1 фавтидааст, мавриди омӯзиш қарор додааст.
Қаблан намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба як нафар корманди милиса тибқи моддаи 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он)-и КҶ ҶТ боз шудааст, ҳарчанд мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино парвандаи ҷиноиро бо айбдорӣ ба хунукназарӣ оғоз карда буд, вале прокуратураи шаҳрӣ парвандаи мазкурро таҳти истеҳсолоти худ қарор дода, моддаи нав илова намуд.
Сарвиноз, ҳамсари Сафаралӣ Сангов мегӯяд, моддаи «баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ» танҳо дар лаҳзаи охирини тафтишот, қабл аз ирсоли парванда ба додгоҳ бекор карда шудааст. «Дар назди додгоҳ танҳо ду нафар ҷавоб мегӯянд, ҳарчанд дар латукӯби шавҳари ман ҳафт нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок кардаанд», - иброз медорад ӯ. Ба қавли Сарвиноз, дар мурофиаи додгоҳӣ манфиатҳои ҷониби ҷабрдидаро адвокати соҳибтаҷрибае намояндагӣ хоҳад кард, ки хизматгузориаш ба таври ройгон аз ҷониби Дафтари дифоъ аз хуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ ба ӯ пешниҳод шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад
Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки аз ҷанги доманадор дар Ховари Миёна пешгирӣ карда шавад
Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста