Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бораи ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати писари ман рӯзноманигорон метавонанд ба намояндагони мақомоти машғул ба ин кор муроҷиат намоянд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев. Дар идома ӯ гуфт, «агар писари ман ҷиноят содир карда бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт».
«Ман муддати 34 сол аст, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорам ва метавонам бигӯям, ки аз содир намудани ҷиноят бинобар беэҳтиётӣ касе эмин нест. Ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт писари ман дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надошт, вале ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки перомуни ин ҳодиса ба касе муроҷиат накардаам ва минбаъд низ ба ин кор ният надорам», - иброз дошт раиси Додгоҳи Олӣ.
Нусратулло Абдуллоев ҳамчунин гуфт, писараш 24-сола буда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва оиладору соҳиби фарзандон аст.
Ёдрас мекунем, ки писари раиси Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ Фарҳод Абдуллоев ба даст доштан дар ҳодисаи садамаи нақдлиёт, ки боиси марг як нафар шуд, гумонбар дониста мешавад. Дар таърихи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар канори шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чин зери автомобили тамғаи BMW монда, ба ҳалокат расид. Ин автомашина он замон таҳти идораи Ф.Абдуллоев қарор дошт. Нисбат ба ин амали Ф.Абдуллоев мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
zack12 январ, 2012 20:32
iltimos dar in bora yagon malumot hastmi, yoki delaro mahkam kardan raftanmi. nisarash ozod shud mi. aybdor zani hotoyi shud mi. pisari rais chihel hob mekarda boshad. ....