Турсунзода. 8-уми август. «Азия-Плюс» - | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Турсунзода ҳодисаи куштори падарарӯс аз ҷониби домодашро ошкор карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори қисми навбатдории ШКД-и ш.Турсунзода, майори милиса Руслан Шоев иттилоъ дод, рӯзи 7-уми августи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Деҳқонбой Мамадҷонов, соли таваллудаш 1983-ро бо иттиҳоми куштори падарарӯсаш Маъруф Раҳимбоев, соли таваллудаш 1960 дастгир карданд. Гумонбаршуда зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ҷаврати ҷамоати 1-уми Майи шаҳри Турсунзода буда, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, дар айни ҳол бекор аст.
Ба гуфтаи сарчашма, Деҳқонбой Мамадҷонов рӯзи 6-уми август баъд аз муноқишаи оилавӣ падарарӯсаш Маъруф Раҳимбоевро дар назди дӯкони оҳангарии ӯ бо 2 зарбаи корди ошхонагӣ ба қафаси сина ва 1 зарба ба гулӯ ба қатл расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Руслан Шоев афзуд, ки гумонбаршуда боздошт гардида, ба ҷинояти содиркардааш иқрор шудааст ва зери тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Хотиррасон мекунем, ки 1 моҳ қабл дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи баръакси ин ҳолат, яъне куштори домод аз ҷониби падарарӯс ба амал омад. Зимнан шаҳрванд Абдумалик Ҷанбиров, соли таваллудаш 1957 пас аз низои оилавӣ домоди худро бо истифода аз автомати Калашников ба қатл расонида буд.
Акс аз www.klops.ru
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гушориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста