Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба парвандаи гумонбаршудагон ба қатли ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола оғоз гардид .
Дар курсии айбдорӣ панҷнафар сокинони деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҷавоб мегӯянд. Онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Куштани шахс ва наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ ё дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ, ки барои гунаҳгор аён аст ё бо гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) айбдор карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки 11-уми сентябри соли равон тахминан соатҳои 21:00 дар қаламрави деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи маҳалли мазкур, ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ Содиқ Ашӯрови 34-сола дарафтоданд. Онҳо бераҳмона ӯро мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Аз ҷароҳатҳои бардошта Содиқ Ашӯров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Тибқи яке аз фарзияҳо, ҳодисаи куштори Ашӯров ба фаъолияти хидматии ӯ рабт дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 39 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 40 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста