Дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд ҳудуди 400 ҳазор адад ниҳоли бангдонаи худрӯй ошкор ва нобуд карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд, боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳр, пойгоҳи обкашии №2 дар микрорайони 34-ум, заминҳои бекорхобидаи назди беморхонаи вилоятӣ ва минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр 325 ҳазор адад ниҳолҳои бангдонаи худрӯй дарёфт ва нобуд гардидаанд.

Ҳамчунин дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Пискокат»-и ноҳияи Ашт 10 ҳазор, ҷамоати Зарнисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз 4,1 ҳазор адад ниҳоли бангдона ошкор ва нобуд карда шудааст.

Дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2012» 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад.

Дар Раёсат гуфтанд, аз ҷониби кормандони ин мақомот соли равон беш аз 145 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 кило камтар аст. Аз рӯйи ин далелҳо 98 парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 215 кило маводи мухаддир (ҳамин давраи соли гузашта – 338 кило) мусодира гардидааст, ки зиёда аз 60 килояшро героин ташкил медиҳад.