Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Суғд нисбат ба панҷ нафар сокинони Исфараро, ки дар куштори ёвари сардори мизи шиносномадиҳиву баҳисобгирии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола муттаҳам дониста шуда буданд, бетағйир боқӣ гузошт.

Моҳи марти соли равон 4 нафар сокинони 22-сола ва як тан сокини 26-солаи деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз ҷониби суди вилояти Суғд ба муҳлатҳои аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 11-уми сентябри соли равон тахминан соатҳои 21:00 дар қаламрави деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи маҳалли мазкур, ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ Содиқ Ашӯрови 34-сола дарафтоданд. Онҳо бераҳмона ӯро мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Аз ҷароҳатҳои бардошта Содиқ Ашӯров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Вакили мудофеи маҳкумшудагон Файзинисо Воҳидова бар ин назар аст, ки зерҳимоягони ӯ бидуни ҳеҷ асосе боздошт ва маҳкум шудаанд. «Онҳо дар содир намудани ин ҷиноят даст надоранд, зеро ҳамааашон аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод буда, барои ин ягон сабабе ҷой надошт», - изҳор доштааст ӯ.