Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойировро ба Прокуратураи генералӣ даъват карданд.

Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки алҳол огаҳ нест, ки бо кадом сабаб ӯро даъват кардаанд, вале зикр кард, ки «дар прокуратура кадом як парвандае мавҷуд буда, онро КДАМ додааст».

«Дирӯз ба ман занг зада, ба Прокуратураи генералӣ даъват карданд, вале сабабашро шарҳ надоданд. Айни ҳол ба онҷо равонаам ва дар ҳамон ҷо аз сабабаш воқиф мегардем. Ба ман танҳо маълум аст, ки парванда дар КДАМ рӯйи кор омадааст», - зикр кард Зойиров.

Қобили зикр аст, ки манбаъҳои ғайрирасмӣ ҳанӯз ҳафтаи сипаришуда изҳор намуда буданд, ки Зойировро ба ҳабс гирифтанианд. Ин ақидаҳо баъди изҳороти Зойиров оид ба солгарди рӯйдодҳои Хоруғ, ки ӯ онҳоро террори давлатӣ унвон кард, пайдо шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи солгарди рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Раҳматилло Зойиров ба унвони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳороте пахш карда, аз сарвари давлат даъват намуд, ки рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ аксияи террори давлатӣ эътироф гардида, санаи 24-уми июл Рӯзи ёдбуди ҳамаи ҷабрдидагон аз таъқиб ва амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ эълон карда шавад.