Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дархост намуд, ки ба як қатор саволҳо оид ба изҳороташ дар робита ба солгарди рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ посух гӯяд. Дар изҳороти номбурда Зойиро рӯйдодҳои Хоруғро террори давлатӣ нисбати аҳолии осоишта унвон карда буд.

Ба қавли Зойиров, асосан атрофи мавзӯи изҳорот оид ба рӯйдодҳои Хоруғ ва маводи КДАМ дар бораи фаъолияти ҳизбии ӯ суҳбат шудааст.

«Онҳо ҳудуди 15 савол тартиб додаанд, ки ман бояд ба онҳо посух мегуфтам ва шарт чунин буд, ки ман бидуни хориҷ шудан аз Прокуратураи генералӣ дларҳол ба онҳо ҷавоб диҳам. Ман ба онҳо гуфтам, ки ба ҳамаи саволҳои хаттӣ посух мегӯям. Замони онҷо қарор доштан ман ба 4 савол ҷавоб додам ва ба саволҳои боқимонда рӯзи душанбе посух мегӯям», - иброз дошт сиёсатмадор ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дарҳол пас аз берун омадан аз бинои Прокуратураи генералии ҶТ.

Ӯ таъкид дошт, ки кормандони Прокуратураи генералӣ нисбаташ рафтори хуб доштаву боэҳтиром муносибат кардаанд. «Ман аз онҳо дархост кардам, ки рӯзи душанбе маро бо компютер таъмин кунанд, то ки посухҳоямро дар он барчинда, чоп ва сипас ба зери ҳар саҳифааш имзо гузорам», - зикр кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи солгарди рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Раҳматилло Зойиров ба унвони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳороте пахш карда, аз сарвари давлат даъват намуд, ки рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ аксияи террори давлатӣ эътироф гардида, гунаҳкорон муҷозот ва санаи 24-уми июл Рӯзи ёдбуди ҳамаи ҷабрдидагон аз таъқиб ва амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ эълон карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Раҳматилло Зойиров алҳол ягона шахсест, ки ба пешбарии номзадиаш ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор кард.