Командони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошти паҳнкунандагони маводи мухаддир дар Душанбе, амалиёти махсус гузарониданд.

Аз маркази матбуоти Агентии мазкур иттилоъ доданд, ки зимни амалиёт сокини шаҳри Душанбе Қудратулло Ҳукматов ба кормандони мақомоти мазкур панҷ ҳаби нашъадори MDMA пешниҳод намудааст. Ӯ ҳоло боздошт гардидааст.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Возеҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Илҳом Разоқов боздошт гардид.  Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ӯ 20 дона ҳаби нашъадори MDMA гирифта шуд. Маълум гардид, ки Разоқов ҳабҳоро аз Қудратулло Ҳукматов дастрас кардааст.

“Дар ҷараёни кофтукови хонаи Қ. Ҳукматов дар кӯчаи Шаропов, 416 дона ҳабҳои нашъаовар ёфт гардид. Ғайр аз ин, аз он хона 6 кг 409 гр афюн пайдо карда шуд. Дар умум, аз боздоштшуда 441 ҳаб ва 6 кг 409,6 гр афюн мусодира гардид”,- хабар медиҳад Агентии мазкур.

Аз рӯйи ин далел, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.