Директори мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритӯс Қурбоналӣ  Набиев барои дар утоқи кориаш лату кӯб кардани хонандаи синфи 8-уми ин муассиса Суҳроб Маҳмадаминов ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, директор дар суд ин рафтори худро бо он асоснок намудааст, ки хонанда ба талбандагӣ машғул будааст.

Бо қарори суди ноҳияи Шаҳритӯс Қурбоналӣ Набиев мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 165 сомонӣ ҷарима шуд.

Дар бораи чӣ гуна ҷароҳатҳо гирифтани хонанда маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.