Пас аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат нахуст прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази Прокуратураи генералии Тоҷикистон Мирзо Аминзода аз мансаб сабукдӯш шуд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз қазия дар сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Мирзо Аминзода аз моҳи майи соли 2015 ин вазифаро ишғол намуда, ба ҷойи ӯ Рустам Азиззода ба ин мансаб таъин шудааст.
Ғайр аз ин, пас аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат ҳамчунин чанде аз кормандони муассисаи ислоҳии мазкур низ аз мансабҳояшон барканор шуданд.
Айни замон дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат гурӯҳи махсуси тафтишотии муфаттишони Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба таҳқиқи масъала машғул буда, ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин муфаттишони ВКД ва КДАМ Тоҷикистон низ шомиланд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ба парванди ҷиноятӣ аз рӯи далели ошӯб дар зиндони Ваҳдат муҳри махфӣ гузошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки баъди саркӯбу хомӯш кардани ошӯб, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати маҳкумшудагонеро, ки дар бетартибиҳои шаби 19 ба 20 майи соли 2019 дар муассисаи 3/2 СРИҶ безарар гардонида шуда ва фавтидаанд, нашр кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста